Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп вуруди шаҳрвандони 12 кишварро ба Амрико манъ кард


Президенти Амрико дар ин фармони худ аз рӯзи 4 июн гуфтааст, "ман бояд барои ҳифзи амнияти миллӣ ва манфиатҳои миллии Амрико ва мардумаш, чора андешам".

Бархе аз 12 кишвари зикршуда дар ин феҳрист, дар давраи аввали президентии Трамп низ дар чунин феҳрист қарор доштанд, аммо на ҳамаи онҳо.

Афзун бар Афғонистон ва Эрон, кишварҳои Мянмар, Чад, Конго, Гвинея, Еритерия, Ҳаитӣ, Либия, Сомалия, Судон ва Яман, низ дар ин феҳраст шомил ҳастанд. Қарор аст ин фармон аз соати 12:00-и 9 июн (ба вақти Вашингтон), ба ҳолати иҷро дарояд.

Илова бар ин мамнуият, маҳдудиятҳои бештаре низ барои мусофирони кишварҳои Бурунди, Куба, Лаос, Серра-Леоне, Того, Туркманистон ва Венесуэла, ҷорӣ хоҳад шуд.

Дар видеое, ки шоми чаҳоршанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, Трамп ин тасмими нави худро ба ҳамлаи террористии рӯзи якшанбеи гузашта дар аёлати Колорадо рабт дод.

Шаҳрвандони 12 кишвар аз ҳаққи вуруд ба Амрико маҳрум мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Дар ҳамла ба таҷаммуи ҳомиёни озодии гаравгонҳои исроилӣ, 12 нафар захмӣ шуданд. Ҳамлавар як марди мисрӣ эълон шуд. Вале дар ин феҳрист номи кишвари Миср ворид карда нашудааст.

Дар давраи аввали президентиаш Доналд Трамп бо имзои фармоне вуруди шаҳрвандони 7 кишвари асосан мусалмонӣ -- Ироқ, Сурия, Эрон, Судон, Либия, Сомалия ва Яманро ба Амрико манъ карда буд.

Ин амр сабаби ҳарҷумарҷ ва саргардонӣ дар фурудгоҳҳои ин кишварҳо ва низ фурудгоҳҳои Амрико шуд, зеро бисёре аз мусофирон ё аз савор шудан ба парвозҳои худ ба самти Амрико манъ ё пас аз вуруд, боздошт шуданд.

Донишҷӯён, аъзои ҳайатҳои илмӣ, тоҷирон, сайёҳон ва афроде, ки барои дидор бо дӯстон ё аъзои хонаводаи худ сафар мекарданд, шомили ин феҳрист буданд.

Трамп гуфтааст, ки иқдоми ӯ дар давраи аввали президентиаш барои маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Амрико, "бомуваффақият аз расидани таҳдидҳои амниятӣ ба марзҳои мо, пешгирӣ кард".

Тасмими нави Доналд Трамп дар мавриди манъи сафари шаҳрвандони бархе кишвар дар ҳоле аст, ки ӯ дар моҳи январ ба вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати амнияти миллӣ ва дигар ниҳодҳои кишвараш дастур дод, то дар бораи "нигоҳи душманона" нисбат ба Амрико, як гузориш таҳия кунанд.

Ҳамчунин дар ин фармон хоста шуда буд, ки баррасӣ шавад, ки оё вуруд аз бархе кишварҳо таҳдиде барои амнияти миллӣ ба шумор меравад ё не.

Фармони нахуст, ки ба зудӣ пас аз оғози давраи аввали президентии Трамп дар январи соли 2017 амалӣ шуд, бо чолишҳои ҳуқуқӣ рӯбарӯ гашт ва дар ниҳоят Додгоҳи олии Амрико онро дар соли 2018 тасдиқ кард.

Трамп аз фармони худ дифоъ кард ва иддао намуд, ки ин тасмим бар асоси таассуб дар баробари мусалмонон гирифта нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG