Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси боздоштшудаи фурдугоҳи Душанбе дороиҳояшро ба фурӯш гузоштааст


Исматулло Абдуллозода давоми нӯҳ сол раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе буд
Исматулло Абдуллозода давоми нӯҳ сол раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе буд

Даҳҳо иншооти марбут ба Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар вилояти Хатлон ва атрофи пойтахт ба фурӯш гузошта шудаанд. Абдуллозода рӯзи 2-юми май ба дунболи барканориаш боздошт шуда буд.


Мақомот ӯро барои аз худ кардани маблағи фурудгоҳи пойтахт айбдор мекунанд. Як тан аз наздикони ӯ рӯзи 5-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чор тарабхона дар Душанбе, ду осоишгоҳ дар атрофи пойтахт ва чанд манзили зист дар вилояти Хатлон ба фурӯш гузошта шудаанд.

“Ваъда кардаанд, ки пулро баргардонад, озод мешавад. Адвокатҳояш ариза навиштанд, ки муваққатан ҷавобаш диҳанд, то пул пайдо кунад, вале муфаттишони агентӣ розӣ нашуданд. Ду ҳафта шуд, ягон харидор нест. Ё харидорон метарсанд ё чизи дигар, ки наздик намешаванд. Хоҳиш мо ҳамин аст, ки ӯро озод кунанд, то моликияташро фурӯшад ва пуле, ки аз ӯ мехоҳанд, супорад», - гуфт ӯ.

Ин нафар гуфт, на ҳама моликияте, ки ба фурӯш гузошта шудааст, ба номи Абдуллозода сабт шудаанд, балки бештараш аз наздиконаш ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот ваъда кардаанд, ки агар пулро баргардонад, озод мешавад, вале ҳоло моликияти ӯ харидоре надорад.


Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ӯро дар истифодаи нодурусти ҳудуди 500 миллион сомонӣ айбдор мекунанд.


Ин наздики Абдуллозода иддао кард, ки аз рӯзи боздошт "панҷ бор шуд", ҷои нигаҳдориаш дар боздоштгоҳ иваз мешавад ва худаш "зери фишор қарор дорад". Ба гуфтаи ӯ, гоҳ ӯро дар утоқи танҳо мегузоранд, гоҳ бо се-чор ҷинояткори хатарнок.


Дар оҷонсии мубориза бо фасод ба суолҳои Радиои Озодӣ дар бораи парвандаи Исматулло Абдуллозода посух надоданд. Санҷидани дурустии ин иддао тавассути манбаъҳои мустақил феълан имкон надорад.

Исматулло Абдуллозода рӯзи 2-юми май аз мақомаш барканор шуд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, ки Исматулло Абдуллозода ва муовинони ӯ "дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд".


Исматулло Абдуллозода аз соли 2016 раиси Фурудгоҳи Душанбе буд. Ба ҷойи ӯ Зайнулло Шарифзода аз хонаводаи Соҳибовҳо, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон риштаи хешутаборӣ доранд, раиси фурудгоҳ таъин шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG