Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20), ки аз 10-ум то 17-уми июн дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Ба иттилиои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFА-2025 шаш даста – Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон - иштирок хоҳанд кард.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Тибқи низомномаи мусобиқот дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар шакли даврӣ бозӣ мекунанд.
Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, дар бозӣ барои ҷойи сеюм рӯбарӯ хоҳанд шуд. Инчунин барои ҷойҳои панҷуму шашум бозии тасаллобахш баргузор мешавад.
Бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии CAFА-2025 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ва «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода доир мегарданд.
Бояд гуфт, ки асоси дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) аз ҳисоби бозигарони мунтахаби наврасони кишвар (U-17) иборат аст, ки моҳи ноябр дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар Қатар ширкат мекунад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ дар маҷмуъ чаҳор бозӣ анҷом дода, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3-юм то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
Наврасони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар дастаҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) пирӯз шуда, аз тими Кореяи Шимолӣ (0:3) шикаст хӯрда, дар даври чорякниҳоӣ аз тими Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 3:5 (замони асосӣ – 2:2) мағлуб шуданд.
Марко Раҷини гуфт, «бовар дорам, ки дастаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон ба сатҳи баланд мебарояд ва бачаҳои мо боз моро ба ҳайрат меоранд.”
Бояд зикр намуд, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан наврасони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2007) ва Бразилия (соли 2019) ширкат карда буданд.