Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми марҳилаи аввали мусобиқоти Лигаи олии Тоҷикистон


Марҳилаи аввали мусобиқоти қаҳрамони футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба поён расид.

Танҳо як даста - “Вахш”-и Бохтар, ки то ҳоло ба мағлубият дучор нашудааст, дар ҷадвали мусобиқот бо 23 имтиёз дар ҷойи аввал аст. КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо 21 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, низ 21 имтиёз гирифтааст, аммо бо дарназардошти таносуби тӯбҳо душанбегиҳо дар ҷои дуюм қарор доранд. Инчунин “Истиқлол” як бозӣ камтар анҷом додааст.

“Панҷшер” ягона дастаест, ки дар мавсими имсола шаҳди ғалабаро начашидааст ва бо ду имтиёз дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқот дар ду марҳила барпо мегардад ва ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025

Лигаи олӣ

Даври 10-ум

«Барқчӣ» - «Эсхата» - 1:0

КМВА - «Хуҷанд» - 2:1

«Вахш» - «Равшан» - 1:0

«Ҳулбук» - «Ҳосилот» 2:5

«Панҷшер» - «Регар-ТадАЗ» - 1:2

Бозии “Истиқлол” – “Истаравшан” мавқуф гузошта шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

1 «Вахш» (Бохтар)1165018-1023
2КМВА (Душанбе)1163219-1021
3 «Истиқлол» (Душанбе)1063113-521
4«Равшан» (Кӯлоб)1154213-719
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)1152414-1117
6«Хуҷанд» (Хуҷанд)1151514-1516
7«Эсхата» (Хуҷанд)1143418-1715
8«Барқчӣ» (Ҳисор)1134413-1313
9 «Ҳосилот» (Фархор)1133516-1712
10«Истаравшан» (Истаравшан)1023513-189
11«Ҳулбук» (Восеъ)1123610-209
12«Панҷшер» (Балхӣ)110296-242

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG