Дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 3 июн мурофиаи додгоҳии беш аз бист сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Дар ин бора бархе наздикони гумонбарон рӯзи 5-уми июн ба Радиои Озодӣ хабар доданд.
Дар ҳоле, ки додгоҳ ва дигар сохторҳои додгоҳӣ аз нашри ин хабар худдорӣ мекунанд, ба гуфтаи пайвандони бархе гумонбаршудаҳо, аксари онҳоро барои ташвиқи ақоиди ҷараёни маманӯи "Салафия" айбдор мекунанд.
Ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ, маълумот дар бораи ба рӯзи 3 июн таъин шудани рӯзи аввали мурофиаи додгоҳӣ дар маълумотномаи расмии додгоҳ ҷой дода нашудааст.
Яке аз пайвандони боздоштшудаҳо, ки дар хориҷа ба сар мебарад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мурофиаи рӯзи сешанбе "озод сурат гирифт" ва пайвандони боздоштшудаҳоро ба додгоҳ роҳ доданд.
«Дар шурӯи мурофиа додрас гумонбарҳоро бо парванда ошно намуда нуктаҳои аслии сабаби боздошту айбашонро шарҳ додааст», гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки ба хотири осеб нарасонидан ба парвандаи хешовандаш хост ному насабаш нашр нашавад.
Ӯ гуфт, додгоҳ гумонбаршудаҳоро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне 307(3) - «Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)» ва бо моддаи 347, қисми 1 - «Хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин, ҳамчунин хабар надодан дар бораи шахсе, ки ҷиноят содир кардааст» муттаҳам мекунад.
Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, аксари гумонбаршудаҳо дар рӯзи аввали мурофиа худро бегуноҳ номидаанд.
Санҷидани дурустии ин маълумот тавассути манбаъҳои дигар феълан имкон надорад. Парвандаи гурӯҳии сокинони маҳаллаи "Дарвоз", ки чандин моҳ аст дар дасти тафтишот мебошад, то ҳол аз ҷониби сохторҳои ҳифзи қонун дар Тоҷикистон шарҳу тафсир нашудааст.
Мурофиаи навбатии ин гурӯҳ қарор аст рӯзи душанбе, 9 июн баргузор шавад.
Боздоштҳои моҳи март
Мақомоти амниятӣ рӯзи 9-уми март зиёда аз бист сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро дастгир карда, дертар танҳо як нафари онҳоро раҳо намудаанд. Хабари боздошти гурӯҳӣ рӯзи 12-уми март расонаӣ шуд, вале аз он вақт то ҳоло ҳеч ниҳод қазияро шарҳ надодааст.
Яке аз наздикони боздоштшудаҳо, ки аз тарси интиқомҷӯии мақомот нахост номи ӯву писараш нашр шавад, рӯзи 30 май ба Радии Озодӣ нақл кард, ки дар тамоми ин муддат ҳеҷ дидоре бо ӯ надоштанд ва танҳо ба боздоштгоҳ ғизо мебурданд.
Ӯ гуфт, рӯзи 27 май “хостем фарзандамонро дар СИЗО хабар гирем, гуфтанд, ки "аз суд иҷоза гиред". Моро ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ равон карданд. Онҷо як судяи зан, ки парвандаро баррасӣ мекардааст, ба мо хат дод ва таъкид кард, ки "огоҳ бошед мурофиаҳо ҳафтаи оянда сар мешавад”.
Модари боздоштшудаи дигар гуфт, писараш ба ифротгароӣ айбдор шудааст, вале дар бораи ҷузъиёти парвандааш чизе намедонад.
“Ба мо нагуфтанд, ки писарам чӣ кор кардааст. Ҳузуран иҷоза надоданд вохӯрем, фақат тариқӣ телефон суҳбат кардем. Писарам мегӯяд, худаш намедонад, ки чӣ кор кардааст, ба ифротгароӣ айбдораш карданд. Мо мехоҳем мурофиаҳои додгоҳӣ одилона гузарад, исбот кунанд, ки фарзандамон чӣ кор кардааст”, афзуд ӯ.
Наздикони баъзе дастгиршудаҳо гуфтанд, вакили мудофеъ нагирифтаанд ва бархе дигар таъкид намудаанд, ки медонанд аз ҳуқуқуқҳои фарзандашон адвокате ҳимоя мекунад, вале дар бораи шахсияти адвокат чизе намедонанд. Мегӯянд, ҳангоми суҳбат бо наздиконашон дар СИЗО, ки телефонӣ анҷом шудааст, аз фишор ё шиканҷа шудан шикоят накардаанд, вале дар ташвишанд, ки тақдирашон чӣ мешуда бошад.
Ба иттилои Радиои Озодӣ, боздоштшудаҳо ҳама язгуломӣ буда, дар маҳаллае бо номи "Дарвоз"-и Душанбе ба сар мебаранд.
Язгулом ҷамоате дар ноҳияи Ванҷ аст, вале баъзе аз зодагонаш дар пойтахт ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Бори аввал нест, ки язгуломиҳо ба таври гурӯҳӣ боздошту зиндонӣ мешаванд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2024-ум 31 нафарро аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз 2 то 23 сол ҳабс маҳкум кард. 27 нафари онҳо дар ноҳияи Ванҷ дастгир шуда, чор тани дигарро аз хориҷ овардаанд.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, қаблан гуфта буд, ки ҳамаи онҳо ба узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” муттаҳаманд.
"Ансоруллоҳ" ё "Ҷамоати Ансорулло", ки тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон террористӣ ва фаъолияташ мамнуъст, дар ҳудуди Афғонистон фаъол аст ва гуфта мешавад аксар пайравонаш тоҷикон ҳастанд.
Ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Сокинонаш мегӯянд, ин минтақа дурафтода буда, бошандагон кору зиндагии хуб надоранд ва ягона роҳи ҳалли душворӣ беҳтар кардани шароити зиндагии мардум дар ин гӯшаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро солҳои охир барои боздошту мурофиаҳои пӯшидаву ношаффоф танқид мекунанд ва мегӯянд, гуноҳи шахс бояд дар паи баррасиҳо бар пояи қонун исбот шавад, то ки шубҳае дар гунаҳгор будани шаҳрванд пайдо нашавад.
Гуфтугӯ